Барои чи хурдани гушти хук харом аст

Барои чи хурдани гушти хук харом аст


Чаро хуг дар Ислом ҳаром гардонида шудааст?

Сайри идона дар Дарвоз

piggys-3Таътилоти иди саъиди Фитри имсола фурсати хубе барои сайри идона дар зодгоҳам буд, ки Парвардигорро барои ин тавфиқу ин саодат сипосгузорам. Аз як тараф иштиёқи дидори рӯйи пурнури модару пайвандони азизам ва аз суйи дигар иштирок дар тӯйи хоҳарзодаам баҳонаи хубе барои сафари Дарвоз шуданду дар охирин рӯзи Рамазон ба роҳ баромадам.

Бо модари азизу хешу табори деҳнишинам ид кардан лаззати хоси худро дорад. Тағйироти камеро дар қиёс ба идгузарониҳои даврони хурдиям дар ин диёри зебоманзару хуш боду ҳаво мушоҳида намудам. Баъди адои намози ид мардҳо савори мошинҳо роҳии қабристон шуда дар як нуқтаи хосе ба дуъову дуруд дар ҳаққи гузаштагон нишастанду баъдаш  ба деҳ баргашта ҳар касе бо дӯстону ҳамнишинони худ машғули идгузаронӣ шуданд.

Атфоли дарвозӣ субҳи зуд бо халтаҳои худ ба шодбоши ид хонаҳоро мегаштанд ва мулоҳиза намудам, ки ба тафовут аз кӯдакони шаҳр онҳо шеърҳои гуногуни идона мехонанд ва баъзе аз соҳибхонаҳо ҳатто аз атфол хоҳиш мекунанд, ки шеърашонро дубора ва ба такрор бихонанд.

Дар рӯзи ид бонувони дарвозӣ машғули пухту пазу суфраороӣ буданд. Ба ҳукми анъанаву одати дерина тамоми хешу табору ёру дӯстонамро дар деҳ зиёрат намуда дар рӯзҳои баъдӣ роҳии деҳоти ҳамсоя барои дидорбинии пайвандонамон рафтам. Ва дар яке аз чунин рӯзҳои идона дар ҳамсоядеҳот будаму барои адои намоз вориди масҷиди маъруфи Имоми Аъзам шудам.

Дар ин масҷид манзараи ҷолиберо мушоҳида намудам, ки боиси нигориши ин сатрҳо гардид. Хатиб болои минбар машғули мавъиза буду ба ин нуқта расид, ки дар Ислом хурдани хуг 1400 сол пеш ҳаром гардонида шудаасту илм ба тозагӣ кашф намудааст, ки гушти хуг дорои микробҳову бактерияҳои барои саломатии инсон зараррасон ва ё ба қавли имомхатиб «музир» дорад. Дар ин асно яке аз намозгузорон хатибро суолборон менамуду ба чолиш мекашид, ки иддае бар ин назаранд, ки гушти хуг хурдан зарар надорад ва барои гуфтаи худ низ далелҳое доранд.

Ман дар умри худ шукри парвардигор, ки дар сарзаминҳои гуногуне вориди масоҷид шуда саҷдаҳову рукуъҳое анҷом дода, ба хутбаҳое гуш фаро додаам, аммо ин манзараи баҳси намозгузорону имомхатибро танҳо дар ҳамин масҷид дидам. Ин манзара комилан нотакрору ҷолиб аст, ки шояд аз наҳваи диндории дарвозиён ҳам шаҳодат медиҳад, ки хатибро илман ба чолиш кашида бо ӯ дар аснои хутба баҳс меороянд ва зоҳиран барои хатиб шудан дар Дарвоз бо илму дониши фарогир мусаллаҳ шудан мебояд. Гӯё ба қавли соҳибсухане «Хуросон аст, инҷо…» ва ё дақиқтараш гӯшае аз Хуросон аст инҷо.

Ва чун собиқаи ошноӣ бо намозгузорони он ҷамоат доштам аз ман низ хостанд, ки дар он баҳс ширкат варзам ва баъди он намоз ба худу дӯстони он диёр қавл додам, ки ба ин мавзӯъ бештар расидагӣ бикунам ва ба шакли набишта матлабе рӯйи коғаз хоҳам овард.

Таҳрими хуг дар Ислом

Ин, ки хуг аз ҳайвоноти ҳаром аст ва хурданаш барои ҳеҷ мусулмоне ҷоиз нест аз маълумоти умумие ҳаст, ки аксари гетинишинон онро медонанд. Яъне ғайри мусулмонҳо ҳам хабар доранд, ки дар дини мубини Ислом хурдани хуг ҳарому ноҷоиз аст.

Боре бо як ҳайат аз Тоҷикистон ба шаҳри Гаага дар Аврупо сафар намуда будаму субҳи зуд, ки барои хӯрдани субҳона ба тарабхона рафтем дидам, ки масъулони умур субҳонаро тарзе омода намудаанд, ки болои тамоми хуришҳои хугдор лавҳачае задаанд, то ки мусулмонҳо дар ёфтани хӯроки ҳалол азият накашанд.

Аз ин ахлоқу эҳтироми мардуми он диёр хеле хушам омад, ки бо ворид шудани меҳмони мусулмон ғами ҳалолхӯрии ӯро низ мехӯранд ва эҳтироми аҷибе ба ҳуқуқу расму ойинҳои мардуми ҷаҳон доранд.

Дигар хотираи аҷибе, ки аз он сафар дорам ҳам марбут ба хуг аст. Хеле аз ҳамсафарони мусулмони тоҷикам ҳангоми ҳузур дар маросимҳои пазироӣ ба роҳатӣ аз нӯшобаҳои алкоголӣ истифода мебурданд ва ба қавли омиёна «чашмашон ҳам намепарид», аммо ҳангоми хӯрдани гӯшт сахт эҳтиёт мекарданд, ки гӯшти хуг нахӯранд.

Ба ибораи дигар бархе аз мусулмонҳо дар Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки медонанд арақу хуг яксон ҳаром аст, аммо аввалиро мехӯранду дуввумиро не. Яъне хугро ҳаромтар аз шароб медонанд. Дар ҳоле, ки шояд баръаксаш дурустар бошад, яъне шароб аз хуг ҳаромтар аст ва агар қарор шуд касе ба ночор байни ин ду интихоб кунад чӣ беҳтар, ки дуввумиро баргузинад ва на аввалиро. Чаро? Чун бо хӯрдани хуг инсон мумкин аст, ки зараре ба саломатии худ бирасонад, аммо ҳадди ақал аз ақлу ҳуш намеравад ва балоҳое дар ҳолати мастӣ ба сари худу дигарон намеёрад.

 Ба ҳар ҳол дини мубини Ислом аз лиҳози ҳукми фиқҳӣ ҳаёвоноти оламро бар ду даста тақсим намудааст. Яке ҳайвоноти ҳалолу дигаре ҳайвоноти ҳаром. Хуг бидуни ҳеҷ шакку тардиде ба ҳайвоноти ҳаром дохил мешавад. Қуръони карим ба сароҳат мегӯяд: » Мурда, хун ва гӯшти хуг ва ончиро, ки ҳангоми забҳ намудан номи ғайри худоро бар он бурдаанд, бар шумо ҳаром гардонидааст» Бақара 173 (Тарҷумаи СЮ).

Бузина ҳам пеш аз он, ки маймун шавад одамӣ буд

Барои кашфи ҳикматҳои таҳрими хук дар Ислом талош варзидам ба доноёни улуми биологӣ руҷуъ намудам ва дар ҳамин кову канкошҳо буд, ки сухани ҷолибу ҳарфи тозаеро аз як донишманди араб бо номи доктор Зайд Қосим Муҳаммад Ғазовӣ, ки машғули таҳқиқот дар масъалаҳои илмии Қуръони карим аст, шунидаму фикр мекунам ба ҷост онро ба тоҷикӣ матраҳ намоям.

Ба ибораи хеле ҳам содаву равшан ҷаноби Ғазовӣ дар ковишҳои худ акси назарияи Дарвинро исбот намудааст, ки на одам дар натиҷаи эволютсия аз маймун ба инсон табдил ёфтааст , балки ин одамӣ ҳаст, ки дар натиҷаи нофармониву саркашӣ аз тоъату парвои худо маймун гаштааст.

 Бо такя бар ояти 60 сураи Моида, ки мефармояд: » Бигӯ оё шуморо аз касоне, ки дар назди худо ҷазои баде дидаанд хабар надиҳам? Касоне, ки худо онҳоро лаънат карда бар онҳо хашм гирифта онҳоро маймуну хуку бутпараст гардонидааст. Онҳо дар ҷойгоҳи баде буда роҳи ростро гум кардаанд» (Тарҷума аз С.Ю) ҷаноби Ғазовӣ бар ин бовар аст, ки воқеан ҳам хугу маймунҳо дар асл одамҳое буданд, ки дучори ғазаби илоҳӣ гардида тағйири шакл намуда ба сурати бузинаву хуг даромадаанд.

Ва бар он муфассироне, ки ояти болоро ба маънои маҷозӣ тафсир намудаанд хурда гирифта ҳамли ин оятро бар маънои ғайри зоҳирӣ нодурусту ғалат мепиндорад. Баъд ба шарҳи илмии ин масъала пардохта мегӯяд, ки ҳатто аз лиҳози физиологӣ бузинаву хуг хеле шабиҳи инсонанд. Ғазовӣ илова мекунад, ки ахиран илм исбот намудааст, ки ҳатто теъдоди мӯ дар бадани маймуну одам яксону якхел аст. Номбурда мегӯяд, ки узвҳои дохилии бадани хугу маймун сахт шабеҳи инсонанд.  Ва бар асоси ин пиндор хулосагирӣ мекунад, ки хӯрдани хук ин хӯрдани одам аст. Пас оё мантиқӣ ва дуруст аст, ки як инсон гӯшти бадани як одами дигарро бихӯрад? Маҳз бар ҳамин далел Шариат хӯрдани хугро нодурусту ҳаром гардонидааст.

Агарчӣ хулосагириву назари ҷаноби Ғазовӣ гапи тозае ҳаст, аммо хеле ҷойи зиёде аз суолу тааммулот дорад. Ин, ки оё воқеан ҳам бузинаву хуг пеш аз он, ки ҳайвон шаванд одам буданд? Ва оё манзур аз ояи каримаи боло воқеан ҳам маънои зоҳирии оят дар назар аст ва ё хайр?

Дигар чеҳраи донишманде, ки дар ковишҳои худ бо назароти ӯ дучор шудам ин ҷаноби доктор Зағлул Ал-наҷҷор донишманди дигари араб аст, ки дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо шабакаи телевизёнии «Иқра», ба шарҳи ҳикматҳои ҳаром гардонидани хуг дар Ислом мепардозад.

Ал-наҷор бар ин бовар аст, ки муҳимтарин далели таҳрими хуг дар Ислом ин ҳайвони наҷису ифлос ва ҳамахуру зараровар будани он аст. Номбурда мегӯяд, ки ҳайвонот аз лиҳози ғизохӯрӣ ба гӯштхору, алафхору, гӯштуалафхор тақсим мешаванд.

Инсон ва хуг аз қисми сеюми гурӯҳҳо буда  шеваи ғизохӯрии якхела доранд ва аз сӯйи дигар хуг ягона ҳайвоне ҳаст, ки аз ҳар лиҳоз ифлосу наҷас аст. Ҳайвонест, ки бо модари худ робитаи ҷинсӣ намуда ахлоти худу дигаронро мехӯрад.

Илова бар ин хуг танҳо ҳайвоне дар ҷаҳон ҳаст, ки ҳамахӯр аст ва ҳама ифлосиҳову бадбӯҳоеро, ки ҳайвоноти дигар аз хӯрданаш ибо меварзанд хуг бо иштиҳои том тановул мекунад.

Бадани инсон қобилияти ҳазми дурусти гӯшту равғани хугро надорад ва ҷигар низ наметавонад онро анбор кунад, ки дар натиҷа сабаби ба вуҷуд омадани бемориҳои қалбу гардиши хун мегардад. Аз лиҳози билогӣ дар бадани хук бештар аз 400 намуд вирусу микробҳо ва бактерияву кирмҳои беморизо мавҷуд аст.

Аммо ба саволи ин, ки оё ғарбиҳову масеҳиён ва онҳое, ки хӯрдани хугро ҷоизу дуруст медонанд магар аз мавҷудияти ин ҳама вирусу микробҳо дар бадани хуг ғофиланд?

Ҷаноби Ал-наҷҷор посух медиҳад, ки онҳое, ки хугхӯр ҳастанд аз зарарҳояш ҳам воқифанд, аммо мехӯранд ҳамонгуна, ки медонанд, ки нӯшидани алкогол ба саломатӣ зарар дораду менӯшанд, сигоркашӣ кушанда асту мекашанд ва маводди мухаддир нобудгар асту истифодааш мебаранд ба ҳамин тартиб хуги ҳароми зарароварро ҳам мехӯранд.

Ба ҳамин хотир аст, ки одам эҳтиёҷ ба дин дорад, ки ҳалолу ҳаромро баён кунад ва одамро аз роҳи ғалат боз дорад. Ва аммо ба саволи ин, ки пас агар хуг ин қадар зарар дораду зараррасон аст, пас чаро худованд онро халқ намудааст? Ҷаноби Ал-наҷҷор посух медиҳад, ки ба хотири он, ки табиатро аз ифлосиҳо пок намояд, пас ҳикмати халқу офаридани хук поксозии табиат аст на барои он, ки  ғизои инсон бошад.

Саъдии ЮСУФӢ



Источник: www.millat.tj


Добавить комментарий