Ислом чи аст

Ислом чи аст

Аз назари Ислом писархондагӣ як бегонаро ҷузви афроди хонавода қарор медиҳанд, ки бо тамоми занони хонавода нишасту бархост мекунад ва бо онҳо бо танҳоӣ менишинад ва сурати як маҳрами воқеиро ба худ мегирад, дар ҳолеки ягон фарде аз занони хонавода бо ӯ маҳрам нест, балки ҳама бо ӯ бегонаанд. Худованди мутаъол дар ин маврид мефармояд:

«Писархондагонро ба падаронашо ннисбат кунед; ин назди Худо росттараст; пас, агар падаронашонро надонед, он гоҳ онҳо бародарони шумо дар дин ва озод кардагони шумоанд. Ва бар шумо дар он (лафзе),ки ба (такаллуми) он хато карда бошед, гуноҳенест, валекин (гуноҳ он аст, ки) дилҳои шумо қасд карда бошад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст».(«Аҳзоб»; 4-5)

Бинобар ин, дини Ислом тамоми осори писархондагӣ аз қабили мерос бурдан, ҳаром будани зани писар ва падар барои якдигар ва ғайраро, ки дар даврони ҷоҳилият вуҷуд дошт, куллан аз байн бурд.

Аммо касоне, ки ятим ва бачаеро, ки бесоҳиб партофта шудааст, мегиранд ва ӯро тарбияту парвариш дода, дар роҳи таълиму тарбияти ӯ саъйу талош мекунанд, монанди писари худ бо меҳру муҳаббат бо ӯ рафтор менамоянд, вале дар айни ҳол фаромӯш намекунанд, ки ин бача фарзанди шахси дигаре аст ва ӯро маҳрам ва ҷузъи наздикону ворисон ва хонаводаи худ намедонанд, ин амали онҳо корест хубу писандида ва аз писархондагии даврони ҷоҳилият тафовут дорад. Дини Ислом барои ин некӯкорӣ подоши бузурге дар назар гирифтааст. Ҳазрати Пайғамбар (с) фармудааст: «Ман ва сарпарасти ятим дар биҳишт мисли ин ҳастем»(ва ду ангушти шаҳодат ва миёнаи худро, ки байнашон фосила андохта буд, нишон дод). (Ривояти Бухорӣ, Абӯдовуд ва Тирмизӣ).

Ногуфта намонад, касоне, ки фарзанде ё ятимеро, ки синни ӯ аз дувуним сол зиёд набошад, ба фарзандхонӣ қабул мекунанд ва зани ин хонадон ӯро шир дода бошад, пас дар ин ҳолат ин фарзанд маҳрам ва ҷузъи хонадон маҳсуб мегардад.



Источник: shuroiulamo.tj


Добавить комментарий