Китоб манбаи дониш аст

Китоб манбаи дониш аст

Китоб манбаи дониш аст  Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рўзонааш бошад (Суқрот).

Зебо хондан ва навиштан аз ҷумла он ҳунарҳоест, ки иртибот ба донишу хониш дорад. Аммо техникаю техналогияи муоссир шояд арзиши мутолиаро тағйир дод. Имрӯз таваҷҷӯҳи ҷомеа ба китобҳои электронӣ рӯ ба афзудан дорад, то ки ба китобҳои чопӣ.

  Илм ва дониш ва огоҳӣ ёфтан аз фароз ва нишеб ва таҳаввулоти замон, аз неъматҳои пурарзиш ва арзанда мебошад. Ончунон неъмате, ки инсон ба тавассути он метавонад зулматҳои ҷаҳлу бефарҳангиро ба иртиқои илм ва фарҳанги асил табдил намояд. Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро ба авҷи камолот мерасонад.

Бехтарин рафтор барои интиқоли одати мутолиа ба кўдак ин аст, ки худи волидайн китобхон бошанд. Агар кўдак бубинад, ки падар ва ё модари ў китоб мехонанд ва аз ин кор лаззат мебаранд, ӯ низ ба ин талқин мешавад ва як василаи аслии рӯ ба китоб овардани тифлон тақлиб ба волидонашон аст. Войи он хона, ки падару модар дар даст китоб намебинанд ва тифлон то рӯзи рафтан ба мактаб китобро, коғазу дафтарро намешиносанд.

Таваҷҷӯҳи атфолро бештар китобҳои тасвирдор ба худ ҷалб мекунад ва ин гуна китобҳо воситаҳои хубе барои ташвиқи кўдакон ба мутолиа ҳастанд ва барои омўзиши хондан ба кўдак бисёр муфиданд. Китобҳое, ки ба сурати наворӣ қисса ё CD арза мешаванд, низ барои тақвияти алоқаи кўдакон ба шунидан ва хондани қисса бисёр муассиранд. Фаромўш набояд кард, ки китобҳои муфассал ва чандқисмата барои мутолиаи пайвастаи кўдак ёри мерасонад. Як китоби хуби муфассал метавонад хонандаро барои мутолиаи бештар ҷалб кунад, зеро достон дар муддати тўлонӣ идома дорад ва кўдак барои донистани сарнавишти қаҳрамони он пайгири мутолиаи он хоҳад шуд. Ба мисли мисолҳои боло, боз роҳои зиёде низ ҳаст, ки кўдакро ба китобу китобхонӣ водор месозанд.

Аз ин рў, волидайнро зарур аст, ки барои омўхтани илму фанҳои гуногун ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ба фарзандони хеш роҳу усулҳои навро пайдо намоянд. Ҳамчунин бо роҳи панд ва андарзҳои бузургон таваҷҷӯҳи атфолро метаовн ба китоб ҷалб кард. Аммо андарзҳо бояд сода бошанд ва ба фаҳму дарки бачаҳо наздик. 

Исроил Иброҳимов, мутахассиси

шуъбаи маркетинг ва менеҷменти

фаъолияти китобдорӣ 



Источник: kmt.tj


Добавить комментарий