Шохнома аз чанд байт иборат аст

Шохнома аз чанд байт иборат аст

Саволу ҷавоб аз фанҳои ҷамъиятӣ

 

(Дар айни ҳол баъзе аз ҷавобҳои саволнома мумкин дар вақти ҳозира ҷавобгу набошанд)

1. Маҷлиси Олӣ чист?
Мачлиси Оли – парламенти ҶТ, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии халқ мебошад.
2. Парламент чист?
Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор буда, дар Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ ном дорад.
3. Маҷлиси Олӣ аз чанд палата иборат аст?
Маҷиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.
4. Маҷлиси Миллӣ чист?
Палатаи болоии Маҷлиси олӣ буда, ба таври ғайримустаким бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзоён ба таври ғайримустаким интихоб мешаванд, як ҳиссаи онро (8 н.) Раиси Ҷумҳур пешниҳод мекунад.
5. Маҷлиси Миллӣ чанд аъзо дорад?
Маҷлиси Миллӣ мувофики Конститутсия 33 аъзо дорад.
6. Маҷлиси намояндагон чист?
Палатаи доимо амалкунанда ва касбӣ мебошад. Мутобиқи Сарконун 63 аъзо дорад.
7. Давлати демократи чист?
Демократия калимаи юнонӣ буда, ҳокимияти халк аст. Давлати демократӣ давлатест, ки дар идоракунии он халк ба воситаи мақомоти намояндагӣ ё бевосита иштирок мекунад.
8. Давлати ҳуқуқбунёд чист?
Давлате, ки ба ҳуқуқ асос меёбад. Давлате, ки волоияти қонун, кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият вуҷуд дорад.
9. Волоияти қонун чист?
Волоияти қонун маънои онро дорад, ки қонун барои ҳама як хел аст. Аз коргари оддӣ то сардори давлат вазифадор аст, ки онро риоя кунад.
10. Кафолати давлатии қонун чист?
Кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон. Давлат бояд иҷрои ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин намояд.
11. Ҳокимият ба кадом рукнҳо (қисмҳо) тақсим мешавад?
Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад:
Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ.
Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад. Дар ЧТ Ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олӣ буда, халк бо воситаи намояндагонаш дар таҳияву қабули қонунҳо иштирок мекунад.
Хокимияти ичроия – раиси он президенти ҷумҳурӣ буда, ба он ҳукумат дохил мешавад.
Ҳокимияти судӣ – ба таркиби он суди конститутсионӣ, суди Олӣ, суди Олии иқтисодӣ ва суди Ҳарбӣ дохил мешаванд.
12. Нишонаҳои давлати демократиро гуед?
Дар давлати демократӣ сардори он аз тарафи халк интихоб карда мешавад. Мавҷудияти ҳизбҳо ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ мумкин аст.
Гуногунандешӣ — плюрализми афкор вуҷуд дорад. Таҷзияи (тақсими) ҳокимият вуҷуд дорад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия , судӣ. Бо шаҳрвандон дар конститутсия ҳуқуқу озодиҳои демократӣ дода мешавад. Дар давлати демократӣ иктисоди бозоргонӣ амал мекунад.
13. Шаклҳои идоракунии давлат.
Шаклҳои идоракунии давлат ду хел аст: монархия ва республика. Монархия – яккаҳукумронӣ буда, мутлақ ва конститутсионӣ мешавад, республика – ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, иштироки васеи халқ таъмин шуда, сардори давлат интихоби аст сарқонун ва мақомотҳои қонунгузору намояндагӣ, иҷроия ва судӣ вучуд дорад.
14. Ҷумхурият чист?
Ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, меросӣ нест. Иштироки васеи халқ дар идоракунии давлат дида мешавад. Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор – парламент мавҷуд буда, халк намояндагони худро ба ин интихоб мекунад ва онҳо ирода ва манфиатҳои халқро ифода менамоянд. Ҷумҳурият Сарқонуни худро дорад. Сардори давлат ба роҳи интихоби умумихалқӣ ба муҳлати муайян интихоб мешавад.Ҷумҳурият президентӣ , парламентӣ ва омехта мешавад.
15. Ҷумҳурияти президентӣ чист?
Дар Ҷумҳурии президентӣ — президент ба таври умумихалкӣ интихоб карда мешавад. Ҳокимияти пурқуввати президент мавчуд буда, президент ваколатҳои зиёд дорад. Точикистон чумҳурии президентӣ буда, президенти он сардори давлат ва ҳокимияти ичроия (ҳукумат) аст.
Ваколат (салоҳият)-и президент
Самтҳои сиёсати хориҷиро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад, вазорату кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро бо роҳи пешниҳод кардан ва маҷлиси якчояи Мачлиси миллӣ ва намояндагон таъин ва озод мекунад… Раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳоро таъин ва озод мекунад.
16. Тартиботи сиёсӣ чист?
Тартиботи сиёсӣ – ин усули амалисозии ҳокимияти сиёсӣ, ҳолати сиёсии ҷомеа аст. Ин дар натиҷаи ҳамкорию зиддияти қувваҳои сиесӣ, фаъолияти тамоми муассисаҳои сиесӣ ба вучуд меояд. Тартиботи сиеси мефахмонад, ки ҳокимият чӣ хел амалӣ мешавад, бо роҳи бовар кунонидан, дар асоси қонун ё бо роҳи зӯрӣ. Типҳои тартиботи сиёсӣ: демократӣ ва зиддидемократи Типи зидди демократӣ. Тоталитарӣ, авторитарӣ мешавад.
17. Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ кист?
Мамадсаид Убайдуллоев (Мумкин дар айни хол дигар кас шуда бошанд)
18. Раиси Маҷлиси Намояндагон кист?
Шукурҷон Зуҳуров (Мумкин дар айни хол дигар кас шуда бошанд)
19.Муовини аввали Маҷлиси Миллӣ кист?
Қоҳир Расулзода (Мумкин дар айни хол дигар кас шуда бошанд)
20. Шакли давлатдории Тоҷикистон?
Шакли давлати Ҷумҳурии президентӣ мебошад. Президент аз тарафи халқ ба таври умумӣ, мустақил, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. Дар Тоҷикистон ҳокимияти пурқуввати президентӣ ҷорӣ аст. Сохтори давлати Тоҷикистон унитарӣ – ягона, содда буда, мақомотҳои олӣ ва маҳаллии идоракунӣ вучуд дорад.
21. Моддаи аввали Конститусияро номбар кунед.
ҶТ давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. ҶТ ва Тоҷикистон ҳаммаъноаянд.
Шарҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд дар саволҳои 7- 8 дода шудааст, аз ҳамон ҷо гиред. Давлати соҳибихтиёр давлатест, ки аз ягон давлати дигар вобаста набуда, мустақилона сиёсати дохилию хориҷиро амалӣ месозад, дорои ҳудуд, забон, Сарқонун, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ аст.
Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он дин ва муассисаҳои динӣ ба корҳои давлат ҳуқуқи дахолат кардан надоранд.
22. Суруди Миллии Тоҷикистонро аз ёд хонед:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дуррии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаи,
Ту баҳри ворисон чаҳони ҷовидонаи
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаи,
Бақои ту бувад, бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад, мароми ҷисму ҷони мо.
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

23. Кадом асарҳои бадеиро хондаед (аз адабиети тоҷик)?
Ба савол тайёр шавед.
24. Раиси ҳокимияти иҷроияи ҶТ кист?
Раиси ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) дар Точикистон президент – Раиси Ҷумҳур аст (моддаи 64 конститутсия)
25.Вилояти суғд, шаҳри Хуҷанд ва ҶТ чӣ қадар аҳолӣ доранд?
Вилояти Суғд беш аз 2 миллион, шаҳри Хуҷанд беш аз 180 ҳазор, ҶТ 8 миллион.
26 Калонтарин шаҳрҳои ҶТ, марказҳои вилоятҳо кадоманд?
Калонтарин шаҳрҳои чумҳурӣ – Душанбе, Хучанд, Кўлоб, Кўрғонтеппа, Турсунзода, Истаравшан, Исфара, Панчакент, Конибодом, Хисор аст.
Маркази вилояти Суғд – Хучанд, маркази вилояти Хатлон – Курғонтеппа, маркази вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Хоруғ аст.
27. Қаҳрамонони Тоҷикистон кистанд?
Ин унвони олии давлати Точикистон буда, бо ташаббуси Президенти ЧТ Эмомали Рахмон чорӣ шудааст. Қаҳрамонони Точикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомали Раҳмон мебошанд.
28. Қаҳрамонони Чанги Бузурги Ватани кистанд?
Аз Точикистон Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 55 нафар буда, Ҳодӣ Кенчаев, Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Туйчӣ Эрйигитов, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Неъмат Қаробоев ва дигаронанд. Дар шаҳри Хучанд ба шарафи онҳо хиёбон ташкил шуда, суратҳои қаҳрамонони вилоят гузошта шудааст.
29. Адибони машҳури халқи тоҷик (аз адабиёти классики ва муосир)
Адибони машҳури халқи тоҷик Рудакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, К.Хуҷандӣ, Ҷомӣ… С. Айнӣ, М. Турсунзода, Сотим Улуғзода, А.Лоҳутӣ, Ч. Икромӣ, Р.Ҷалол, М.Қаноат, Лоиқ, Фарзона…
30. Асосгузори адабиёти классики ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик кист? Рудакӣ ва С.Айнӣ
31. Ходимони барҷастаи илми ҶТ кистанд?
С.Айнӣ (аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон), Б.Ғафуров, С. Умаров (дуюмин президенти АФ Тоҷикистон) Акбар Турсунов, Мухаммадчон Шакурӣ…
32. Ходимони намоёни давлатии ҶТ кистанд?
Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Б. Ғафуров, Т.Улҷабоев, Ҷ.Расулов, Р. Набиев, Қ. Махкамов, Эмомали Раҳмон.
33. Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон кай қабул шудааст; он аз чанд боб ва чанд модда иборат аст?
Конститутсияи ҳозирамалкунандаи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда, аз 10 боб , 100 модда иборат аст.
Боби I Асосҳои сохтори Конститутсионӣ.
Боби II Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд.
Боби III Маҷлиси Олӣ.
Боби IV Президент
Боби V Ҳукумат.
Боби VI Ҳокимияти маҳаллӣ.
Боби VII Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон.
Боби VIII Суғд.
Боби IX. Прокуратура.
Боби X Тартиби тағйири Конститутсия. Ба Конститутсияи ҶТ ду маротиба иловаҳо ворид шуд. Дар натиҷаи райъпурсӣ аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003. Дар натиҷаи райпурсии соли 1999 парламенти Точикистон ду палатаги доимамалкунандаи касбӣ шуда, муҳлати интихоби президент на зиеда аз ду бор шуд. Соли 2003 муҳлати интихоби президент 7 сол шуда, ҳак дорад аз 1 бор зиед интихоб шавад. Муҳлати ваколати судяҳои халқи аз 5 сол ба 10 сол гузаронида шуд.
34. Рамзҳои давлати Точикистон кадомҳоанд ва моҳияти онҳо.
Парчам, Нишони давлати , Суруди милли. Парчам аз матои росткунҷаи се рахи рангадор – сурх, сафед , сабз иборат аст. Ранги аввал ранги сурх – ранги шуьои офтоб, рамзи равшани ва сурх руист. Ин ранг маънои анъанави дорад. Парчами Коваи оҳангар аз чарми сурх буд. Рахи дуюм – ранги сафед рамзи тозаги ва поки, роҳи сафеди зиндагист. Ранги сафед маънои онро низ дорад, ки пахтаи сафеди мо чун шири сафеди модар ҷон бахш ост. Ранги сафед рамзи осоиштагиву сулх, имрузу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз бошад, чун рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо ва чун рамзи дини ислом мебошад.
Нишони давлатии ҶТ аз тасвири тоҷ ва хафт ситораи дар шакли нимдоира чойгиршуда, дар партави нурхои офтоби аз паси кух тулуъкунанда иборат буда, атрофашро аз тарафи рост хушахои гандум ва аз тарафи чап шохахои пахтахои шукуфон ихота кардаанд. Дар поени Нишон руи курси китоби кушода чойгир аст.
Ин хама рамзи он аст: Хушахои гандум рамзи серию фаровони, пахта хамчун боигарии асосии мо ва китоб чун рамзи маърифат… Акс ефтани кух дар Нишон низ табиист, зеро ки Точикистони мо сарзамини кухсор аст. Дар Нишон офтоб барои он тасвир шудааст, ки бузургтарин ва нерумандтарин сайера мебошад. Сониян, офтоб сарчашмаи нур ва зиндагии хамаи мавчудот аст. Нури офтоб қувваи бузургест, ки инсон ба шарофати он зинда аст.
35. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон кадомҳоанд?
Тоҷикистон ки давлати демократӣ аст дар он ҳизбҳои гуногун сиесӣ вуҷуд дорад: ҳизби халқи-демократӣ, комунистӣ, сотсиалистӣ, сотсиал-демократӣ, назҳати ислом…
36. Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон кадомҳоанд?
Созмонҳои ҷамъиятии манфиатҳои табакаҳои гуногуни аҳолиро ифода менамоянд: созмонҳои занон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат; созмонҳои эҷодӣ (итиффоқи бастокорон, рӯзноманигорон, адибон, ихтирокорон), иттифоқи касаба ва гайра.
37. Созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон кадомҳоанд?
Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. САХА ва ғайра.
38. Дар вилояти Суғд чанд ноҳия мавҷуд аст?
14 ноҳия мавҷуд аст (Б. Ғафуров, Конибодом, Исфара, Ашт, Истаравшан, Панҷакент, Мастчоҳ, Ҷ Расулов, Спитамен, Ғончӣ, Шаҳристон, Зафаробод, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчох).
39. Асарҳои президенти ҶТ Эмомали Раҳмонро номбар кунед.
1) Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ . Душанбе: «Ирфон», 1995
2) Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих Душанбе: «Ирфон». 1995
3) Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин Душанбе: Ирфон 1997.
40. Вазири маорифи Чумхурии Тоҷикистон кист?
Саидов Нуриддин. (Мумкин дар айни хол дигар кас шуда бошанд)

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:



Источник: www.avasto.tj


Добавить комментарий